Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши наврасону ҷавонон доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32- солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш иштирокчиён бо осорхонаи таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки имрӯз зурур аст ҷавонони саодатманди тоҷик аз таърихи Истиқлоли давлатӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва мактаби нодири давлатдории Пешвои миллат ба таври кофӣ огоҳ бошанд. Зеро дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат ҷавонон меистанд, ки дар муддати кӯтоҳ барои пешрафти донишу малакаи онҳо дар мамлакат корҳои зиёду назаррас дар амал татбиқ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат маҳсуб мешаванд. Таҷрибаи бузурги сулҳи тоҷикон, ки натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат буд, имрӯз ҳамчун падидаи нодир ва дорои аҳамияти махсус эътироф шудааст. Мактаби давлатдории Президенти Тоҷикистон мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқату муҳаббат нисбат ба Ватан аст.
Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон барои ба таҳсили муносиб фаро гирифтан, ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






