Дар Душанбе масъалаи баргузории намоишгоҳҳо байни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Молдова бо қароргоҳ дар Киев байни роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Молдова вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаи баргузории намоишгоҳҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар медиҳад.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Молдова Сергей Харя ва дигар шахсони расмӣ аз ҳарду ҷониб иштирок ва сухан намуданд.
Дар вохӯрии маҷозӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Молдова дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳокима шуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик созишномаи нави ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Молдова ба имзо расонида шавад. Ҳамзамон тибқи ин созишнома барои ширкатҳои ҳарду давлат бобати иштирок дар намоишгоҳҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова баргузоршаванда шароити имтиёзнок фароҳам оварда шавад.
Дар вохӯрӣ инчунин баргузор намудани мулоқотҳои маҷозӣ дар қолаби «соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) байни соҳибкорони ду давлат бо мақсади тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ба нақша гирифта шуд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






