Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 14, 2024 13:19

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат» ҳамоиши минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иброз намуд, ки 16 ноябри соли 1992  Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ масъулияти роҳбарии мамлакатро ба уҳда гирифтанд. Давоми ин муддат миллати сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти соҳаи сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати Пешвои миллат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Бо шарофати иқдому  ташаббусҳои Сарвари давлат оид ба рушди сайёҳии мамлакат мавқеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ сол то сол баланд мешавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад