Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 15, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор  гардид. Дар он таъкид карда шуд, ки корнома ва зиндагиномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарнавишти давлатсозӣ ва давлатдории навини тоҷикон пайванди абадӣ дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки  вақте ки мо дар бораи Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни ифтихормандию самимият сухан меронем, пеши назарамон хизматҳои мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мешаванд.

«Агар аз рӯйи дарки ҳақиқат хизматҳои қиёснашавандаи Сарвари давлатро бо амалҳои созандагиву бунёдкориашон пеши назар орем, қобилияти баланди кордонӣ ва касбияти сиёсии ин шахсияти нотакрору беназир ҳамчун Пешвои миллат инъикос мегардад. Воқеан ҳам, хизмату фидокорӣ ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат барои ҳар фарди худшиносу миллатдӯст ва ватандӯсту ватанпарвар сабақи ибрат аст»,-афзуд ӯ.

Қарзи виҷдониву имонии мо тақозо менамояд, ки дар иртибот ба ҳама ин заҳмату талошҳо, ғамхориву дастгирӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва пешравиҳо бо дарки худогоҳиву зиракии сиёсӣ дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид бошем ва бо ин роҳ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зеботар ва пешрафтаю маъруфтар гардонему якпорчагии онро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем. Аз ин ҷост, ки имрӯз ҷаҳониён таҷрибаву ташаббус ва модели давлатсозӣ ва давлатдории Президенти моро меомӯзанду ба дигарон тавсия медиҳанд.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки тамоми фаъолияти пурмаҳсули сиёсии Пешвои миллат ба ҳайси Сарвари давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, одамияту таҳаммулпазирӣ, тамаддунсозиву илмомӯзӣ ва ватандӯстиву ваҳдатгароӣ аст.

«Ба таври мухтасар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни бузурги миллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ном бурдан мумкин аст»,-изҳор гардид дар ҳамоиш.

Таҷлили Рӯзи Президент рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, нишонаи шукргузорӣ аз озодию соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдорию соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон

Ноябрь 15, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид