Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид

Ноябрь 19, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт 14 ноябр, бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти Кувайт дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук» Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ дар иҷрои ҳунармандону мутрибони «Ансамбли созҳои миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад, дар барномаи Шоми мусиқии классикӣ ҳунармандони тоҷик беҳтарин намунаи оҳангу сурудҳои асилро аз рӯи жанрҳои «Шашмақом» ва «Фалак» ки ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст иҷро намуданд.

Шоми мусиқии классикии тоҷик бо ҳузури васеъи намояндагони вазорату идораҳои Давлати Кувайт, сарони намояндагиҳои дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳаводорони созу навои классикӣ доир гардид.

АКС: ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Ноябрь 19, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид