Дар Москва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусу АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қабули Конститутсияро ҳамчун таҳкимбахши пояҳои давлатдории миллӣ ва муайянкунандаи роҳи минбаъдаи рушду такомули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон арзёбӣ намуд.
Дар ҳамоиш нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, истиқлолият ва тамомияти арзии он, инчунин татбиқ ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон махсусан таъкид шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






