Дар Москва Форуми «Мактаби байналмилалии сафирони фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид

Ноябрь 6, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи адабиёти хориҷии шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми «Мактаби байналмилалии сафирони фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид, ки дар он мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ, китобхонадорӣ ва инчунин донишҷӯёни донишгоҳҳои бонуфузи ҷомеашиносӣ аз Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни байналмилалӣ интихоб гардидаанд, иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод, форум бо ташаббус ва дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (МФГС) доир шуд.

Дар Форуми «Мактаби байналмилалии сафирони фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» корманди масъули Осорхонаи миллӣ дар мавзуи «Нақши осорхонаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ» маъруза намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 6, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид