Дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд

Ноябрь 15, 2024 09:59

ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон» ҳамоиши илмӣ-фарҳангии бошукуҳ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот хабар доданд.

Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки эҳтиром ва эътирофи арзишҳои миллӣ-маънавӣ, хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати саросарӣ ва болоравии мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ доранд.

Таъкид шуд, ки ворид кардани Рӯзи Президент ба тақвими санаҳои сиёсиву таърихии  мамлакат тақозои давру замон ва хоҳишу мароми миллати тоҷик буда, яке аз  рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муосири мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин рӯз бозтоби ҳамдилию иттиҳоди халқи тоҷик буда, аз эътиқоду боварии самимӣ ба Пешвои миллат дарак медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он сарваронеянд, ки шахсияти сиёсиашон аз соли аввали ба роҳбарии давлат расидан моҳ ба моҳ ва сол ба сол рушд намудаву тақвият ёфта, имрӯз дар сафи бузургтарин сиёсатмадорони олам қарор доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Ноябрь 15, 2024 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд