Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсия ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсия ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш таъкид карда шуд, ки бо шарофат ва риояи меъёрҳои Конститутсия пояи давлату Ҳукумат ва ҷомеа таҳким ёфта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор гардида, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон таъмин гашт. Имрӯз барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам омадааст, ки ин ҳама ба ин санади сарнавиштсоз алоқамандӣ дорад.
Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода вобаста ба моҳияти асосӣ ва дарки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва эътироф шудани ин бахтномаи миллат байни даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои дунё ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки ин ҳама созандагию ободкорӣ ва суботи сиёсии мамлакат аз талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат маншаъ гирифта, ҷаҳониён таҷрибаи комили миллати тоҷикро имрӯз дар самтҳои мухталиф истифода мебаранд.
Иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти корӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






