Дар Остона Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи CAREC баргузор шуд

Ноябрь 7, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Конфронси 23-юми вазирони кишварҳои аъзои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сухан гуфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Далер Ҷумъа дар ҷаласаи пленарии конфронс таҳти унвони «Декарбонизатсия ва мусоидат ба амнияти энергетикии минтақавӣ дар минтақаи CAREC» иброз дошт, ки «Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз калонтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, то имрӯз ду агрегати он ба истифода дода шудааст».

Таъкид гардид, ки афзоиши ҳиссаи энергияи барқароршаванда, ба монанди гидроэнергетика ба коҳиши партовҳои карбон ва таъсири экологӣ мусоидат намуда, аҳамияти он дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ хеле муҳим дониста мешавад.

Дар конфронс инчунин масъалаҳои марбут ба рушди устувори давлатҳои аъзои Барномаи CAREC, ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 7, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд