Дар Остона Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи CAREC баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Конфронси 23-юми вазирони кишварҳои аъзои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сухан гуфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Далер Ҷумъа дар ҷаласаи пленарии конфронс таҳти унвони «Декарбонизатсия ва мусоидат ба амнияти энергетикии минтақавӣ дар минтақаи CAREC» иброз дошт, ки «Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз калонтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, то имрӯз ду агрегати он ба истифода дода шудааст».
Таъкид гардид, ки афзоиши ҳиссаи энергияи барқароршаванда, ба монанди гидроэнергетика ба коҳиши партовҳои карбон ва таъсири экологӣ мусоидат намуда, аҳамияти он дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ хеле муҳим дониста мешавад.
Дар конфронс инчунин масъалаҳои марбут ба рушди устувори давлатҳои аъзои Барномаи CAREC, ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон– муқобили коррупсия» қадрдонӣ карда шуданд
Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
Тоҷикистон лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби партовҳо амалӣ менамояд
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя тақвият медиҳад
Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон қариб 9 миллион доллар афзоиш ёфтааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






