Дар Риёз машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд

Ноябрь 22, 2024 09:23

ДУШАНБЕ, 22.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар шаҳри Риёз даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни  вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни нишаст ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва амниятӣ табодули афкори созанда анҷом доданд.

Ҳамчунин робитаҳои шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор дошт.

Машваратҳо таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдулкарим Ал-Хурайҷӣ доир шуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд