Дар Суди конститутсионӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 ноябр дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанвӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи бузургтарин идҳои миллии халқи тоҷик- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, нақши он дар расидан ба ормонҳои миллии мардуми тоҷик дар роҳи бунёди давлати миллии Тоҷикон ва 30 соли дигаргуниҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат беназир мебошад.
«Дар саромади нахустин Конститутсияи мамлакат, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, матни он саршор аз арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.
Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимият, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эълон гардид.
Иброз шуд, ки ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун марзи давлатӣ таърихан ба халқ ва миллати тоҷик тааллуқ дошта, дар ин сарзамин ташаккул ёфтани таърих, фарҳанг, қисмат ва сарнавишти он тақсимнашаванда ва дахлнопазир эълон гардид.
Ҳамчунин эълон карда шуд, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфта, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳаракат ва гурӯҳе, аз ҷумла мафкураи динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад.
АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






