Дар Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ оғоз гардид, ки дар он намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён гӯшаи фаҳмондадиҳиро фаъол намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳо, эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни фарҳангҳою мамлакатҳо нақши муҳим мебозад. Зеро таҳсил дар хориҷа беҳтарин имконият ва манфиатовартарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар ҷавон ба ҳисоб меравад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер изҳор намуд, ки Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо намудани довталабон ва ҷавонони тоҷик бо низоми таълим дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва тартиби ғолиб омадан дар он бурсияҳое, ки департаменти давлатии ИМА ҷудо мекунад, гузаронида мешавад. Ба донишҷӯёни ғолиб даъватнома ё бурсия дода мешавад. Аксар таълимгирандагони тоҷик дар ИМА бо чунин тарз таҳсил мекунанд.
Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ имконияти хуб барои таҳсил ва такмили дониш дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон аст. Ин ташаббуси муштараки мамлакатҳо ба он равона шудааст, ки ҷавонон аз пешравиҳои дигар давлатҳо омӯзанд ва аз он истифодаи пурсамар намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беш аз 40 давлати дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд. Дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд.
Дар айни замон танҳо тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, Италия, Швейтсария, Фаронса, Британияи Кабир, инчунин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Сингапур, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва дигар мамлакатҳое, ки низоми маорифашон ба даҳгонаи беҳтарин дохил мешавад, таҳсил мекунанд.
Ба гуфтаи мутасаддиён, донишҷӯёне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои давлатҳои дигар фиристода мешаванд, бо шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи баробар доранд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ аз 18 то 22 ноябр баргузор мегардад. Дар он созмону шарикони таълимӣ ва дигар ташкилот иштирок менамоянд. Ҳар муассиса барномаи омӯзиширо муаррифӣ намуда, дар бораи имконияти таҳсил маълумот ва ба саволҳои иштирокдорон посух медиҳад.
Давоми ҳафта дар Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе (American Space Dushanbe) суҳбат баргузор мешавад. Дар охири ҳафта, 22 ноябр аз соати 16:00 то 18:00 бо иштироки хатмкардагони коллеҷу донишгоҳҳои Амрико намоишгоҳи хатмкардагон баргузор мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






