Дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXIX Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва полиграфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имсол дар кори ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия масъалаҳои ҳалталаби соҳаи табъу нашри Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштирокчиёни ҷаласа оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои ташкили Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» мубодилаи афкор намуданд.
Аъзои Шуро ҳамчунин масъалаҳои баргузории озмуни корхонаҳои китобфурӯшӣ, натиҷаҳои Анҷумани зиёиёни эҷодкор ва илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иҷрои пешниҳодҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русияро оид ба нашри нашрияҳои силсилавӣ, маҷмуаҳо дар бораи шахсиятҳои бузурги мардумони давлатҳои ин иттиҳод ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Раёсати Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва полиграфии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешавад. Ҳамраисии Шуроро намояндагони соҳавии вазоратҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Арманистон ба уҳда мегиранд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






