Дар Тоҷикистон амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

Ноябрь 13, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» амалиёти стентгузории варидӣ бе буриш ва ба тариқи миниинвазивӣ ба бемории трамбози баъди картизатсионии варидҳои чуқури пойҳо гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин амалиёт дар   шаҳрванди 31-сола, ки беш аз 25 сол гирифтори бемории трамбози баъди картизатсионии варидҳои чуқури пойҳо буд, гузаронида шуд.

Мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо Ҷамшед Раҳмонов, ки ин ҷарроҳиро гузаронид, иброз дошт, ки  «бемор то имрӯз ба воситаи доруворӣ табобат мегирифт ва ташхиси ҳозиразамон нишон дод, ки рагҳои хунгарди ӯ аз тарафи пойи рост дар масофаи зиёда аз 10 сантиметр баста шудаанд».

Табобати анъанавии ин гуна беморон чунин буд, ки аз дигар ҷойи пойи худи бемор раги хунгардро гирифта, иваз мекарданд ва ё дар ҳолати дуруст наомадани раги хунгард рагҳои хунгарди синтетикӣ истифода мешуданд.

Бо истифода аз технологияҳои муосир, аз қабили таҷҳизоти ангиография, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастрас гардидааст, ба тариқи варид рафта, дар ҷойи тангӣ, ки раги хунгарди пойи рости бемор маҳкам буд, стент гузошта шуд.

Пас аз ҷарроҳӣ аллакай варами пойи бемор гашта, пурхунии варидҳои зери пӯст кам ва захмҳо аллакай рӯ ба мақкамшавӣ овардаанд.

Дар самти бемориҳои рагҳои хунгард бояд гуфт, кибемориҳое ҳастанд, ки ҷараёни бисёр вазнин доранд ва солҳои пеш илоҷи табобати онҳо хеле кам буд. Дар ин гуна беморон аксаран амалиёти ҷарроҳии анъанавӣ гузаронида мешуд ва онҳо солҳои дароз ба воситаи  доруворӣ табобат мегирифтанд. Бо сабаби сар задани чандин оризаҳо бархеи онҳо ҳатто маъюб мегардиданд. Солҳои қабл пойҳои ин гуна беморонро бурида мепартофтанд, то онҳоро аз азоб озод кунанд.

Ҳоло дар мамлакат бо ворид гардидани технологияи муосир ва бо истифода аз  донишу таҷрибаи мутахассисони соҳа ин беморӣ пурра табобат карда мешавад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 13, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид