Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табибони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуқсон ва иллатҳои ирсии модарзодии тифл дар дохили батни модар ва роҳҳои пешгирии он табодули таҷриба намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мутахассисони эронӣ дар шаҳри Душанбе 22 нафар зани ҳомиларо аз ташхис гузаронида, нуқсон ва иллатҳои ирсии модарзодии тифл дар дохили батни модарро муайян намуданд.
Ҳамчунин барои табибони тоҷик доир ба ташхисҳои муосири тиббӣ дар самти дарёфти нуқсону иллатҳои модарзодии тифл ва навгониҳои ташхиси бемориҳои занона даври омӯзишӣ гузаронида шуд.
Ҳадаф аз табодули таҷриба ва омӯзиш бо иштироки мутахассисони варзидаи кишварҳои хориҷӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон, савияи донишу таҷриба ва малакаи мутахассисони ватанӣ ба шумор меравад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд






