Дар Тоҷикистон намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ифтитоҳ мегардад

Ноябрь 9, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр бо ташаббус ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон байни роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» вохӯрии маҷозӣ доир гардид, ки зимни он  масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳокима гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва узви Шурои иҷроияи федералии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» Андреас Ян оид ба аҳамияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмонро сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки ин ҳамкорӣ ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон намояндагони ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки барои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои содирот ва воридот, инчунин рушди сармоягузорӣ ва ташаббусҳои тиҷоратии байниҳамдигарӣ имконоти зиёде вуҷуд доранд, ки бояд истифода гарданд.

Дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» имзо гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи сафари ҳайати Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ба Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2025 ба мувофиқа расиданд. Дар доираи ин сафар ифтитоҳи намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» беш аз 900 000 ширкатро муттаҳид мекунад. Ҳоло дар Олмон  300 намояндагӣ ва дар кишварҳои хориҷӣ беш аз 70 намояндагии ин Ассотсиатсия фаъолият менамоянд. Ифтитоҳи намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи олмонӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин ворид гардидани ширкатҳои ватанӣ ба бозорҳои Олмон ва Аврупо мусоидат менамояд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 9, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд