Дар Тоҷикистон Созишномаи шарикӣ оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ татбиқ мегардад

Ноябрь 14, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 ноябр ҳайати гурӯҳи байналмилалии ҷустуҷӯи Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  табодули таҷриба менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ин ҳамкории муштарак бо мақсади татбиқи Созишномаи шарикӣ оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ амалӣ мешавад.

Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи байналмилалӣ бо марказҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мегардад. Ҳадафи  шиносоӣ   арзёбии маҳорат, қобилият ва таҷҳизоти наҷотбахши ҷузъу томҳо, инчунин муайян кардани ниёзҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, бахусус дар самти ҷустуҷӯ ва наҷот мебошад.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад