Дар Тоҷикистон Созишномаи шарикӣ оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 ноябр ҳайати гурӯҳи байналмилалии ҷустуҷӯи Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули таҷриба менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ҳамкории муштарак бо мақсади татбиқи Созишномаи шарикӣ оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ амалӣ мешавад.
Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи байналмилалӣ бо марказҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мегардад. Ҳадафи шиносоӣ арзёбии маҳорат, қобилият ва таҷҳизоти наҷотбахши ҷузъу томҳо, инчунин муайян кардани ниёзҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, бахусус дар самти ҷустуҷӯ ва наҷот мебошад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






