Дар Тоҷикистон стентгузории маҷрои ғадуди зери меъда анҷом дода шуд

Ноябрь 16, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз ҷониби ҷарроҳони эндоскопии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» стентгузории маҷрои ғадуди зери меъда, ки маҷрои панкратикӣ ба шумор меравад, анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳангоми амалиёти ҷарроҳии дудинаскапия маълум шуд, ки маҷрои ғадуди зери меъда ба пистонаки калони рӯдаи дувоздаҳангушта часпидааст, бинобар ин он бо усули прекат, яъне бо папилатомияи сӯзанмонанд бурида шуда, ба маҷрои умумии талхагузар ва катертизатсияи маҷрои панкратикӣ гузаронида шуд.

Мудири бахши ҷарроҳии эндоскопии муассиса Сорбон Мусоев иброз намуд, ки ин навгонӣ стентгузории маҷрои ғадуди зери меъда, яъне маҷрои панкратикӣ ба шумор меравад, ки бори аввал дар мамлакат  ба анҷом расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бемор-шаҳрванди 42-сола пас аз ду рӯзи ҷарроҳӣ ба хонааш рухсат дода шуда, вазъи саломатиаш хуб мебошад.

Ин  гуна беморон қаблан ба таври кушода ҷарроҳӣ шуда, ба муддати аз 10 то 16 рӯз дар беморхона табобат мегирифтанд. Ҳангоми оризаҳо бисёртар доруҳои антиферметативӣ қабул менамуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд