Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд

Ноябрь 27, 2024 20:24

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар дода будем, рӯзҳои 26-27 ноябр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуд.

Дар доираи сафар дар марказ ва деҳоти ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Фархор ва шаҳри Кӯлоб беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи иттилоъ, аз маҷмуи иншооти ифтитоҳгардида 16 адади он ба соҳаи маориф рост меояд, ки тақрибан 8 ҳазор хонандаро дар ду баст ба таълиму тарбия фаро мегиранд.

Имрӯз зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Фархор бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон шинос шуда, дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун иштирок намуд.

Дар деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ роҳи автомобилгард, ки беш аз 7 километрро ташкил медиҳад, ба истифода дода шуд.

Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ сокинони деҳаҳои Лолазор ва Гулобод иқдом гирифтанд, ки 2,5 километр роҳи мошингардро бунёд намоянд.  Ҳоло дар ин ҷо бо ҷалби техника ва сокинон корҳои сохтмонӣ идома дошта, сокинон талош доранд сохтмони роҳи мазкурро дар муҳлати кутоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Дар маҷмуъ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолии давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Фархор давоми соли 2024 зиёда аз 20 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ бунёд карда шуд.

Бунёд  ва мавриди истифода қарор додани бинои шуъбаи тавваллуди беморхонаи рақами 3 мушкилии сокинони деҳоти Хуросони ноҳияи Фархорро бартараф сохт.  Бинои навсохти шуъбаи таваллуд ду ошёна буда, 5 кати хоб ва дигар ҳуҷраҳои замонавии корӣ дорад.

Дар деҳаи Себи сурх бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 ифтитоҳ карда шуд. Мактаб барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 10 синфхонаи таълимӣ, маркази инкишофи кӯдакон ва дигар шароити хуби таълимӣ муҳайё гардидааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сурхоб бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67-ро мавриди истифода қарор дода, ба 36 оилаи деҳоти Хутан калиди манзилҳои нави истиқоматиро супорид.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои истиқоматӣ, роҳу пул ва дигар иншооти маишию хизматрасонӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ қисми зиёди онҳо зарар дида буданд, дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда шуда, барои сокинони деҳоти Хутани ноҳияи Фархор манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд гардиданд.  Ҳар як хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоб дар масоҳати 110 метри мураббаъ сохта шуда, дорои  3 ҳуҷра, ошхона ва ҳаммом мебошад.

Таъкид гардид, ки дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, таъмини бехатарӣ ва фароҳам сохтани шароити хуби зиндагӣ ба онҳо дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар деҳаи Сурхоб дар баробари бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ ҳамзамон бунгоҳи саломатӣ, роҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сохта шуда, барои аҳолӣ тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.


Сарвазири мамлакат инчунин бо лоиҳаи сохтмони навсозии роҳи автомобилгарди Гулистон, Панҷ ва Дӯстӣ, ки дарозии умумии он беш аз 139 километрро ташкил медиҳад, шинос шуд.

Ҳоло бо ҷалби 60 нафар коргарони маҳаллӣ ва техникаву механизмҳои роҳсозӣ тибқи лоиҳа корҳо дар марҳилаи аввал идома доранд. Марҳилаи якуми лоиҳа 29,6 километрро фаро гирифта, қитъаи Гулистон — Фархорро ташкил медиҳад. Сарвазири мамлакат аз масъулон иҷрои босифати корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур талаб намуда, ба масъулон дастур дод, ки дар доираи лоиҳа мавзеъҳои аҳолинишин чароғон карда шаванд.

Ноябрь 27, 2024 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Дар ноҳияи Ёвон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
«ТОБИСТОН-2026». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии истироҳатгоҳҳои тобистона доир гардид
Ширкати «IRS» дар 320 километр роҳ навсозӣ анҷом медиҳад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд
Кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Кӯлоб бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид