Дар Женева имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 79-уми Гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) оид ба стандартҳои сифати маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, Шараф Шерализода вобаста ба дастовардҳои соҳа ва имконияти рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани монеаҳои техникӣ, содагардонии расмиёти савдои маҳсулоти кишоварзӣ тавассути ташкили долонҳои «сабз» ва таъсиси марказҳои логистикӣ, зарурати ҷорӣ намудани стандартҳо ва ҳамгироии онҳо сухан намуд.
Инчунин дар ҳошияи ҷаласа намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии давлатҳо баргузор гардид, ки дар он меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.




АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд






