Дар Женева имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Ноябрь 14, 2024 09:11

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,   Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 79-уми Гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) оид ба стандартҳои сифати маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, Шараф Шерализода вобаста ба дастовардҳои соҳа ва имконияти рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани монеаҳои техникӣ, содагардонии расмиёти савдои маҳсулоти кишоварзӣ тавассути ташкили долонҳои «сабз» ва таъсиси марказҳои логистикӣ, зарурати ҷорӣ намудани стандартҳо ва ҳамгироии онҳо сухан намуд.

Инчунин дар ҳошияи ҷаласа намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии давлатҳо баргузор гардид, ки дар он меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Ноябрь 14, 2024 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид