Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 574 довталаб даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49 ҳазору 267 нафар ва дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд. Дар даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе 458 нафар, аз вилояти Суғд 1330 нафар, аз вилояти Хатлон 1130 нафар, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 373 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 451 нафар иштирок намуда, аз ин шумора ба даври чоруми озмун 574 нафар роҳ ёфт.
Зимни ифтитоҳи озмун иброз гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок мекунанд ва он ба дарёфти чеҳраҳои наву лаёқатманд мусоидат менамояд.
Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён ҷараёни даври ниҳоии озмун пурра ба навор гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 47 ҳазору 51 довталаб иштирок намуд, ки ин аз зиёд шудани шумораи китобдӯстдорон дар мамлакат дарак медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






