«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 25 ноябр дар шаҳри Душанбе бори нахуст Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории форум муаррифии имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ ва бахши хизматрасонии молиявӣ мебошад. Инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Ин ҳамоиши сатҳи баланд ба иқдоми навбатии ҳукумати мамлакат бобати рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.
Дар форум беш аз 1000 нафар соҳибкорон, сармоягузорон, коршиносони самти технологияҳои иттилоотӣ, намояндагони ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар коршиносон доир ба таҷрибаҳояшон мубодилаи афкор намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд соли охир як силсила ислоҳоти бузург дар самти инноватсияи рақамиро амалӣ намуд.
Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан Ҳафтаи инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистонро доир намуд. Ҳадафи он муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ, ҳукумати электронӣ ва рушди технологияҳои нав мебошад.
Ҳамчунин иброз шуд, ки Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» идомаи мантиқии ҳафтаи инноватсияҳо буда, масъалаҳои муҳимми марбут ба ин таҳаввулот, ба монанди тиҷорати электронӣ ва такмили инфрасохтори давлатӣ, рушди бонкҳои рақамӣ, истифодаи технологияи блокчейн, таъмини амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва дурнамои Open Banking дар минтақаро дар бар мегирад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ шаванд».
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ташаккули Ҳукумати электронӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Завқӣ Завқизода афзуд, ки «дар даҳ соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ба ҳисоби миёна беш аз 15 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии глобалиро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда барои давлатҳои алоҳида то 40 фоиз ба мушоҳида мерасад. Ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон аз 17 триллион доллар дар соли 2016 то 27 триллион доллар дар соли 2022 ё 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Инчунин истифодабарандагони смартфонҳо аз 1 миллиард адади соли 2014 ба 5 миллиард адад дар соли 2024 расида, 5 маротиба зиёд шудааст».
Дар идомаи кори форум бо ҷалби васеи коршиносон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Рушди Тоҷикистон — роҳ ба сӯи ҷомеаи муосири рақамӣ», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми ҳамкорӣ бо шаҳрвандон», «Истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ», «Табдили рақамӣ. Рақамикунонии бонкдорӣ ва чакана» ва дигар масъалаҳои фарогири самти инноватсия ва рақамикунонӣ назари коршиносон пешниҳод гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»






