Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҷассуми иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат дар публитсистикаи муосир» ҳамоиш доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти роҳбарияшон тавонистанд ҳама ҳадафу барномаҳоеро, ки барои пешрафти ҷумҳурӣ нақши муассир ва ҳалкунанда доштанд, бо садоқат ва бо ҳисси баланди масъулият ба иҷро расонанд. Истиқлолу озодии мамлкат ба адибони публитсисти мо имкон додааст, ки ҷанбаи иттилоотии публитсистика доманаи густардатар пайдо намояд. Махсусан, офариниши образи публитсистӣ уфуқҳои навин пайдо карда, ҳамчун шакли инъикоси воқеият бозгӯкунандаи моҳияти ҳаёт гардидааст.
Таҳқиқот нишон медиҳад, ки адибони публитсист бо завқи баланду маҳорати хос набзи ҷомеаро ташхис карда метавонанд, талаботу рағбати хонандаро ба эътибор мегиранд, муҳити сиёсиву идеологиро дарк месозанд ва дар заминаи ин ҳама имконот образи шоиставу барҷастаи Роҳбари давлатро офарида метавонанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», «Масъалагузориҳо доир ба Неругҳхи барқи обии «Роғун» ва «Тасвири корнамоии Пешвои миллат дар публитсистикаи Шералӣ Мусо» маърузаҳо пешниҳод намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






