Густариши ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи политехникии аэронавигатсионии Сиани Чин баррасӣ шуд

Ноябрь 15, 2024 08:58

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12-14 ноябр намояндагони Донишгоҳи политехникии аэронавигатсионии Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо озмоишгоҳҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин, бахусус дар соҳаи илму маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро дар самтҳои бахши таҳсил ва илм, табодули академии донишҷӯён ва кормандони илмию омӯзгорӣ, мубодилаи иттилоот ва интишороти муштарак, ташкили конференсияҳо, машваратҳо ва ҳамоишҳои илмии муштарак мувофиқи мақсад шумориданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии тарафайн ва шартномаи ҳамкорӣ табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ амалӣ шаванд.

Бояд гуфт, ки густариши ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи политехникии аэронавигатсионии Сиани Чин  метавонад марҳилаи муҳим барои таҳкими робитаҳои таълимӣ, илмӣ ва техникию технологӣ байни мамлакатҳо ва донишгоҳҳо гардад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Ноябрь 15, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд