Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Театри тоҷик дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамоиш доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик муқаррар шудааст. Бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ соли 1933 ба номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик саҳми бузург дорад, гузошта шуд.
Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айëми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаи нек табдил ëфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон ва тамоми аҳли театри мамлакат ҷамъ омада, оид ба дастоварду комëбиҳои эҷодӣ, бурду бохти соҳа ва нақшаҳои оянда ибрози ақида менамоянд.
Имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир менамояд. Ҳунармандони тоҷик ҳоло бо барномаҳои ҷолиб на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ ҳаводорони зиëд пайдо намудаанд.
Дар назар аст, ки имрӯз дар ҳамоиш порчаҳои ҷолибу рангоранг аз намоишҳои театрӣ манзури тамошобинон гардонида шаванд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






