Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Мақсади мо такмил додани донишу маҳорат аст»

Ноябрь 19, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Хабарнигори АМИТ “Ховар” бо ду  довталаби ин озмун ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

Яке аз иштирокчиёни озмун- донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Данғара Мақсуда Холназарова мебошад, ки дар номинатсияи «эҷоди наср» донишу маҳорат месанҷад. Мақсуда  соли дуюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок менамояд. Тибқи низомнома, 5 афсона, 5 ҳикоя, 3 эссе, 1 драма ва 1 повест эҷод намудааст. Тавре ӯ баён дошт, «вақти зиёди худро бо китобхонӣ сипарӣ менамоям, зеро китоб махзане аст, ки ба шахс илму адаб меомӯзад».

Мавсуф мегӯяд, ки «бо шарофати ин озмун солҳои охир тамоми гурӯҳҳои ҷомеа китобхон гардидааст. Имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар оила  аҳли хонавода китобхон шудаанд. Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки ин нишони соҳибмаърифатии ҷомеа мебошад».

Иштирокчии дигари озмун- донишҷӯи курси 3-юми Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мадинахон Аҳмадзода мебошад. Мадинахон  соли дуюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунад.

Тибқи низомномаи озмун 30 роман, 40 повест, 10 драма, 10 асари ёддоштӣ, 70 ҳикояву новелла, 110 ғазал, 100 байт ва дигар навъҳои шеърӣ, 120 рубоию дубайтӣ ва 150 байт порча аз достонҳоро азхуд намудааст.

Тавре Мадинахон иброз медорад, «Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст. Вижагии озмун дар он аст, ки касе дар он мағлуб намешавад. Мо ҷавонону наврасони даврони истиқлоли мамлакат миннатдории худро ба Пешвои миллат баён медорем, зеро маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Президенти Тоҷикистон мо, наврасону ҷавонон имкон пайдо кардем, ки дар чунин озмунҳо иштирок намуда, донишу маҳоратамонро афзун гардонем».

Мадинахон изҳор дошт, ки талаботи доваронро тавонист то ҷое қонеъ намояд. «Мақсади ман такмили дониш аст, дар умум зиёда аз сад ғазалу дигар навъҳои шеърӣ ва китобҳои зиёдеро мутолиа намудам, ки хондани онҳо дар зиндагӣ ҳамеша ба кор меояд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад