Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Мақсади мо такмил додани донишу маҳорат аст»
ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Хабарнигори АМИТ “Ховар” бо ду довталаби ин озмун ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.
Яке аз иштирокчиёни озмун- донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Данғара Мақсуда Холназарова мебошад, ки дар номинатсияи «эҷоди наср» донишу маҳорат месанҷад. Мақсуда соли дуюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок менамояд. Тибқи низомнома, 5 афсона, 5 ҳикоя, 3 эссе, 1 драма ва 1 повест эҷод намудааст. Тавре ӯ баён дошт, «вақти зиёди худро бо китобхонӣ сипарӣ менамоям, зеро китоб махзане аст, ки ба шахс илму адаб меомӯзад».
Мавсуф мегӯяд, ки «бо шарофати ин озмун солҳои охир тамоми гурӯҳҳои ҷомеа китобхон гардидааст. Имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар оила аҳли хонавода китобхон шудаанд. Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки ин нишони соҳибмаърифатии ҷомеа мебошад».
Иштирокчии дигари озмун- донишҷӯи курси 3-юми Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мадинахон Аҳмадзода мебошад. Мадинахон соли дуюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунад.
Тибқи низомномаи озмун 30 роман, 40 повест, 10 драма, 10 асари ёддоштӣ, 70 ҳикояву новелла, 110 ғазал, 100 байт ва дигар навъҳои шеърӣ, 120 рубоию дубайтӣ ва 150 байт порча аз достонҳоро азхуд намудааст.
Тавре Мадинахон иброз медорад, «Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст. Вижагии озмун дар он аст, ки касе дар он мағлуб намешавад. Мо ҷавонону наврасони даврони истиқлоли мамлакат миннатдории худро ба Пешвои миллат баён медорем, зеро маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Президенти Тоҷикистон мо, наврасону ҷавонон имкон пайдо кардем, ки дар чунин озмунҳо иштирок намуда, донишу маҳоратамонро афзун гардонем».
Мадинахон изҳор дошт, ки талаботи доваронро тавонист то ҷое қонеъ намояд. «Мақсади ман такмили дониш аст, дар умум зиёда аз сад ғазалу дигар навъҳои шеърӣ ва китобҳои зиёдеро мутолиа намудам, ки хондани онҳо дар зиндагӣ ҳамеша ба кор меояд».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ карда шавад»
Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор дар Камбоҷа 51 медал ба даст овард
Доир ба муаммо ва дурнамои илми методикаи таълим дар раванди ҷаҳонишавӣ конференсия баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Маркази омодагӣ ва имтиҳони HSK таъсис дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба маърифати молиявии аҳолӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Густариши ҳамкорӣ байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳериот-Ватти Шотландия баррасӣ гардид
Вазири маориф ва илм дар конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир иштирок намуд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия зиёда аз 27 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баҳогузории ҷаҳонии «Донишгоҳҳои сабз» иштирок намуд
Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд
Корманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд






