Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 ноябр дар шаҳри Индаури Ҷумҳурии Ҳиндустон 41-умин ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласаи пленарӣ дар қатори дигар масъалаҳои баррасишаванда Ҳисоботи навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт бо дархости бозбинӣ намудани ду тавсияи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), яъне тавсияи 8 (Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) ва тавсияи 38 (Ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ: ғайрифаъолгардонӣ ва мусодира) мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Зимни баррасии Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт давлатҳои аъзо ва нозирони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо назардошти пешравиҳои назарраси мамлакат дар татбиқи тавсияҳои номбаршудаи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ баланд бардоштани радабандии кишварро аз рӯи онҳо дастгирӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар қисмати мутобиқати техникӣ то ба имрӯз аз 40 тавсияи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 тавсия баҳои мусбии мутобиқи назаррас ва комилан мутобиқ дода шудааст.
Баъд аз даври дуюми баҳодиҳии мамлакат (соли 2018) то кунун шаш Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт аз ҷониби департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои қабули қарорҳои ниҳоӣ ба Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешниҳод карда шудааст.
АКС: Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






