Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад

Ноябрь 6, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».

Ин аст, ки маҳз бо риояи ин меъёри конститутсионӣ баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 75 ҳазор гектар қитъаи замин ба мардум тақсим гардид. Ин қитъаҳои замин дар байни мардум ҳамчун қитъаҳои замини президентӣ маъруфият доранд ва онҳо дар солҳое, ки ҷумҳурӣ буҳрони иқтисодиро паси сар менамуд, барои беҳсозии шароити зисти сокинони мамлакат хеле мусоидат намуданд. Ин матлабро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Конститутсия баён намуд.

Иброз гардид, ки Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки бо ташаббусу ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, яке аз санадҳои сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми ҷумҳурӣ дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид.

Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятро эътироф намудан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд. Моро зарур аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи қарзи муқаддаси фарзандии худ дар назди халқу давлат барои амалишавии ҳадафҳоямон ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва арзишҳои Конститутсияи мамлакат талош намоем.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад