КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз пояи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил дода, дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад. Ин матлаб зимни баргузори ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — шиносномаи миллат», ки дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, баён шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ин санади сарнавиштсозро мардуми Тоҷикистон бо майлу иродаи худ, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 30 сол муқаддам қабул намуданд. Мояи ифтихор ва хушнудист, ки пас аз ҳазорсолаҳо аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллӣ амалӣ гардида, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон таҳким ёфт.
Ҳамчунин дар ҷамъомад таъкид шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули Конститутсия дар асоси талаботи он фаъолият намуда, дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иқдоми созандаро амалӣ менамояд.
Дар интиҳои ҳамоиш Озмуни ҷумҳуриявии ««Пиряхҳо – сарчашмаи оби тоза» дар бахшҳои «Беҳтарин мақолаи илмӣ», «Беҳтарин мақолаи илмӣ-оммавӣ», «Беҳтарин таблиғгари ҳифзи пиряхҳо» ва «Беҳтарин таҳқиқгари пиряхҳо» натиҷагирӣ гардида, ғолибон бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






