Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон барои омодагӣ ба Конфронси пиряхҳо дар мулоқоти Гурӯҳи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли СММ баррасӣ шуданд

Ноябрь 7, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 16-уми ҷонибҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Колумбия мулоқоти машваратии гурӯҳҳои минтақавии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба таваҷҷуҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодагӣ ба Конфронси пиряхҳо дар шаҳри Душанбе (соли 2025) анҷом дода шудаанд, маълумот пешниҳод намуд.

Дар мулоқот ба нақши пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои обу иқлим, хосса ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шуда, аҳамият ва саривақтии масъалаҳои мавриди назар махсусан таъкид гардид.

Дар мулоқот намояндагон аз минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳамкорӣ дар заминаи гуногунии биологиро низ баррасӣ карданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Ноябрь 7, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа