«MADE IN TAJIKISTAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи саноатии Тоҷикистон ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории саноати кӯҳӣ-металлургӣ дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе /«DUSHANBE EXPO CENTER»/ Намоишгоҳи саноатии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоишгоҳ бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат баргузор шуд. Ҳадафи он аз муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ба меҳмонони форум ва ба ин восита тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ иборат буд.
Дар толори маҳсулоти саноатии Тоҷикистон гӯшаҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, кимиё, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил гардиданд. Дар онҳо номгӯйи зиёди маҳсулоти корхонаю ширкатҳои саноатии ватанӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ташкили чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ ба густариши ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ, рушду пешрафти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва афзоиши номгӯй ва ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ нигаронида шудааст.
Инчунин дар майдони кушоди намоишгоҳ воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва техникаҳои кишоварзии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон













Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






