«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои рушди соҳаи рӯзноманигории маҳаллӣ ва ёфтани чеҳраҳои нави эҷодӣ таҳти унвони «Мактаби хабарнигорони ҷавон» даври омӯзишӣ оғоз гардид, ки он 11 март-дар Рӯзи матбуот ҷамъбаст мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Даври омӯзишӣ бо ташаббуси рӯзномаи «Хатлон» гузаронида мешавад. Дар омӯзиш 20 донишҷӯи ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, журналист-тарҷумон, ҳаводорони пешаи рӯзноманигорӣ ва алоқамандони эҷод иштирок менамоянд.
Иштирок дар даври омӯзишии «Мактаби хабарнигорони ҷавон» ба таҳким ва тақвияти неруи зеҳнӣ ва қобилияти эҷодии рӯзноманигорон мусоидат менамояд. Ба хатмкардагони давр серфитикат дода шуда, дар оянда ба ҳамкории эҷодӣ бо рӯзномаҳо ҷалб мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






