МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон аз зумраи миллатҳое мебошанд, ки моҳияти қонунияти инсонӣ ва назму низоми ҷомеаро аз замонҳои қадим дарк намудаву пайгирӣ кардаанд. Ҳанӯз дар солҳои 500-уми то мелод Куруши Кабир, ки бунёдгузори давлати Ҳахоманишиҳо гардида, кишварҳои зиёдеро тасарруф намуд, дар ин сарзамини қадим Эъломияи ҳуқуқи башарро эҷод ва ба инсоният пешниҳод карда буд. Имрӯз муайян гардидааст, ки ин Эъломия нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон дар таърихи башар аст ва бунёди аввалин Конститутсия ё қонунномаи инсониятро гузоштааст. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар мавриди Конститутсияи Тоҷикистон.

Дар зер андешаҳои пурра ва чанд шеъри устод Камол Насрулло манзури хонандагон гардонида мешаванд.

-Дар роҳрави ошёнаи дуюми бинои Созмони Милали Муттаҳид байни толорҳои Шурои бехатарӣ ва аудиторияҳои шуроҳои иқтисодию иҷтимоӣ нусхаи Эъломияи ҳуқуқи башар гузошта шудааст, ки шахсан аз ҷониби Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ ва ҳукумати Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид тақдим шуда буд.

Ба андешаи Ризошоҳи Паҳлавӣ, Куруш нахустин ҳукмроне дар таърих буд, ки ба сокинони империяи бузурги худ озодии интихоби дин ва эътиқоди диниро тақдим намуда, ҷонибдориашро аз асосҳои инсондӯстӣ, озодӣ ва адолат, новобаста ба мансубияти этникиву қабилавиву нажодӣ эълон намудааст.

Ҳанӯз 2500 сол пеш Куруши Кабир ба олам чунин хитоб карда буд:

«Ман имрӯз эълом мекунам, ки ҳар кас озод аст ҳар динеро, ки майл дорад, бипарастад ва дар ҳар нуқта, ки майл дорад, сукунат кунад, ба шарти он ки дар он ҷо ҳаққи касеро ғасб нанамояд ва ҳар шуғлеро, ки майл дорад, пеш бигирад ва моли худро ба ҳар наҳв, ки моил аст, ба масраф расонад, ба шарте ки латма ба ҳуқуқи дигарон назанад. Ҳеҷ касро набояд ба муносибати тақсире, ки яке аз хешовандонаш карда, муҷозот кард (ҷазо дод). Ман бардадориро (ғуломдориро) барандохтам. Ба бадбахтиҳои онҳо поён бахшидам..

   … То рӯзе, ки подшоҳи Эрон ҳастам, нахоҳам гузошт, касе бар дигаре зулм кунад ва агар шахсе мазлум воқеъ шуд, ҳаққи вайро аз золим хоҳам гирифт ва ба он хоҳам дод».

Ин сатрҳо аз эъломияи Куруши Кабир барои он оварда шуданд, ки баъдан бубинем, ки  Конститутсияи навини Тоҷикистон низ бунёди худро ба ин таълимоти гузаштагон, ба таҳкурсии некӣ ва хайрхоҳӣ гузоштааст. Яъне, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек имрӯз ҳам раҳнамои Қонуни асосии давлати мо аст.

Тасодуфӣ нест, ки ҳокимони даврони эллинӣ Куруши Кабирро, пеш аз ҳама, қонунофари бузург ва сиёсатмадори нобиғае, ки ба муқобили ҷабру зулми ҳукуматҳои бобуливу осурӣ баромада, таҷрибаи ҳамгароӣ ва омезиши аҳолӣ дар доираи кишвари ягонаро бе имтиёзҳо барои миллати баландмақом ва расму суннатҳои динӣ, бе қатли ом ва мусофирати иҷбории сокинони сарбардошта амалӣ кардааст, эътироф намудаанд.

Азбаски Куруши Кабир эътиқодманди дини зардуштӣ буд ва дини зардуштӣ бунёди худро ба таълимоте, ки шиораш: пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек буд, таълиф додааст, эъломияи худро дар ин зербун, яъне покиву нексириштӣ бунёд гузоштааст.

Имрӯз  кишваре, давлате, сарзамине нест, ки Конститутсияи худро надошта бошад. Конститутсияи ҳар давлат шиносномаи он халқ ва ҳуҷҷати ҳувияти он кишвар мебошад, ки сатҳи инсонӣ ва маърифату фарҳангу мароми сиёсии ҳар мамлакатро ифода мекунад ва чеҳраи инсониву сиёсии онро ҷилвагар месозад. Конститутсия оинае аст, ки дар он симои маънавии он давлат таҷассум меёбад. Мардуми тоҷик, ки соҳиби яке аз беҳтарин Конститутсия ва ҳуқуқномаи таърихии башардӯстонаи дунё будаасту бо он дар таърих обрӯву эътибори хосса дорад, имрӯз, баъд аз ёфтани истиқлолияти миллӣ табиист, ки Конститутсияи навину такмилёфтаву эътирофгардидаи худро бунёд гузоштааст.

Халқи куҳанбунёди тоҷик баъд аз соҳибистиқлолӣ Конститутсияи миллии худро бо назардошти ҳадафҳои баланди миллӣ, хислату суннатҳои инсонпарваронаву башардӯстонаву хайрхоҳонаи худ, ки хоси ин миллати соҳибтамаддун аст, аз нав бунёд гузошт.

Нахустин вожаву ҷумлаҳое, ки бо он Конститутсияи тоҷикон оғоз меёбад, мисли савганд, мисли ниёиш садо медиҳанд ва мавқеи устувори инсониву миллии халқи мо, давлати мо, масъулияти баланди башарии ӯро хеле равшану возеҳ ва боэътимоду боварибахш баён мекунанд:

«МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,
қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда,
худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,
таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,
озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида,
баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,
бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ».

Дар ин оғоз арҷгузорӣ ба гузашта вазифадориву масъулият дар назди имрӯз ва ҳадафҳои волое, ки моро ба оянда умед мебахшанд, хеле равшану возеҳ баён шудаанд. Аввалан, дар ин изҳор халқи тоҷик худро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷудо намегузорад. Бартарӣ ва афзалият бар дигар миллатҳоро ба худ шоиста намедонад ва ягонагии инсонҳоро, ки ҳама зодаи як ҷавҳаранд, баён мекунад, чунонки ин андеша дар гуфтаҳои бузургони мо баён ёфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. (Саъдӣ)

Дар сатрҳои оғозини Конститутсияи мо қиматтарин неъматҳои инсоният, ки инсонҳоро шарафу нерӯ мебахшанд, – озодӣ ва ҳуқуқи  шахс ва муқаддас дониста шудани он дар мадди аввал гузашта шудаанд. Ва ибораҳои умедбахшу нерубахше, чун баробарҳуқуқӣ, дӯстии тамоми миллату халқият ва ҷомеаи адолатпарвар моро аз ояндаи нек дилпур мегардонанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 қабул гардид, яъне аз қабули ин санаи таърихиву фараҳбахш 30 сол гузаштааст. Имрӯз баъд аз гузашти ин марҳила, дар ин муддати дар назди таърих хеле кӯтоҳ — 30 сол аллакай имтиҳонҳои зиндагӣ, вазъи сиёсии олам нишон дод, ки давлати соҳибистиқлоли мо, Сарвари давлати мо, халқи заҳматкаши мо роҳи дурустро интихоб карда будаанд ва ин нахустин моддаи Конститутсияи мо мақсаду маром ва мавқею ҳадафи давлати моро муайян мекунад. Яъне, «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягона мебошад».

Дар ин моддаи Конститутсия  симои равшани давлати мо, ки мардуми оламро ба муносибати нек, ба дӯстиву бародариву ҳамҷаворӣ даъват мекунад, таҷассум ёфтааст. Зеро демократӣ будан, дунявӣ будан далолат ба ҳамзистии осоишта, хайрхоҳӣ ва накӯкорӣ мекунанд. Дар ҳамин моддаи аввал ҳадафи воло ва асосиву ниҳоии мамлакати мо, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ аст, дар ин сатрҳо баён ёфтааст: “Давлати Тоҷикистон барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад ”. Яъне, ҳадафи олӣ некуаҳволии халқ аст.

Конститутсияи нави Тоҷикистон барои халқи мо мужда аз имтиёзҳову дастовардҳои зиёди миллӣ овард, ки яке аз қиматтарини онҳо забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ аст. Ин моддаи Конститутсия яке аз пирӯзиҳои Истиқлолияти Тоҷикистон аст. Ин модда имкон дод, ки барои эҳёву рушди тозаи забони тоҷикӣ кӯшишу талош оғоз ёбад ва ба манфиати рушди забонамон истифода кардани он ба ҳамаи мо вобастагӣ дорад. Вобастагӣ ба он дорад, ки масъулият ва вазифадориамонро ҳар яки мо то куҷо эҳсос мекунем, то қарзи шаҳрвандиву ватандӯстиамонро дар назди таърих иҷро кунем. Забонеро, ки ба шарофати он миллати мо зинда мондааст, забонеро, ки дар худ ҳамаи дороиҳои моро маҳфуз доштааст, забонеро, ки бе он мо наметавонем вуҷуд дошта бошем, эҳё ва умри дубора бахшем ва аз гарду чангҳое, ки бар сараш нишастааст, покиза кунем, аз хатаре ки таҳдид ба ҳастии ӯ мекунад, дур андозем.

Аммо ин чунин маъное надорад, ки мо забонҳои дигарро танг мекарда бошем, баръакс арҷгузорӣ ба забонҳои дигар ва шароит додан барои рушди онҳо иҷрои ҳамон моддаи демокративу дунявӣ будан аст.

Конститутсияи навини Тоҷикистон ба мо имконият дод, ки рамзҳои давлатии мамлакатро низ эҳёи дубора бахшем ва дар ин ҷода ҳам корҳои мондагоре карда шудаанд, ки рамзҳои муқаддаси давлатии моро дар сатҳи байналмилалӣ обрӯву нуфузи тоза бахшиданд ва кулли мардум бо ин рамзҳо ифтихор доранд. Ин рамзҳо, ки нишонаи пирӯзии  Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ҳастанд, ба мо сарбаландиву ифтихор мебахшанд.

Конститутсияи мо олитарин арзишҳои инсониро барои сокинони мамлакат фароҳам овардааст, ки инҳо “инсон, ҳуқуқ ва арзишҳои он”, “ҳаёт, қадр, номус” ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ва дахлнопазир будани онҳо аст. Ва аз ҳама муҳим, давлат ба “эътироф, риоя ва ҳифз”-и онҳо кафолат медиҳад.

Албатта, метавон дар мавриди ҳар моддаву ҳар ибораву мафҳуми Конститутсияи тафсиру шарҳи муфассал дод, онҳоро маънидод кард, зеро дар зимни ҳар яке аз онҳо масъалаҳои зиёди марбут ба рӯзгори ичтимоиву сохтори давлатӣ ва дурнамои зиндагии мардум ифода ёфтаанд.

Дар Конститутсияи Тоҷикистон  ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ғоя ва афкори асосие, ки  аз иҷрои он оромӣ, осоиштагӣ, пешрафту шукуфоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дар маҷмуъ пирӯзии халқи мо вобастагӣ дорад, баён ёфтаанд.

Дар асоси ин Конститутсия  ҳар шаҳрванди Тоҷикистон чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ дар хориҷ аз он таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ва ғояти ин ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳо дар моддаи  17-и Конститутсия чунин баён шудааст:

“Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи ичтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи озодиро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.”

Ё дар моддаи 16 омадааст:  “Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад.” Моддаи 18  “дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад” ва ғайра.

Вақте ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мехонед, дар шумо ҳисси ифтихори миллӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ бедор мешавад. Ифтихор аз қонунҳое, ки ҳадафашон ғамхории инсонҳо ва шаҳрвандони одӣ аст. Гумон мекунам, ки ин қонунҳо агар риоя ва амалӣ шаванд, зиндагии шоистаи ҳар нафарро кафолат дода, ҳастии озоду пурсаодат, имконияти ҳамаҷониба хубу мусоидро барои ҳар яки мо фароҳам оварда метавонанд.

Дар моддаи 30-юми Конститутсия омадааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи озодии истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад ”.  Воқеан ин ҳуқуқ ҳадафи баланди демократӣ дошта, аз ҷониби матбуоти мо, хусусан матбуоти хусусӣ хеле хуш истиқбол гардидаву фавран мавриди истифода қарор гирифт. Мо метавонем ифтихор кунем, ки давлати Тоҷикистон ба сухан ва озодии сухан чунин арҷ мегузорад ва ин озодиро дар мамлакати мо муяссар гардонидааст.

Аммо оё ҳама ноширону қаламбадастони мо ба қабули озодии сухан омодаанд ва ин мафҳумро дуруст фаҳмидаанд? Оё баъзе нашрияҳои мо суиистифода аз озодии суханро аз ҳад нагузаронидаанд?

Озодии сухан ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳарчи ба забон ояд, бигӯянд, ҳар касеро хоҳанд, таҳқиру тӯҳмат кунанд, ба иззати нафси мардум расанд, одитарин одоби муоширатро риоя нанамоянд, бедалел одамонро таҳқир кунанд, гунаҳгор созанд, касерову чизеро ва ҳатто қонунро ба эътибор нагиранд ва ин ҳамаро бемулоҳиза ба чоп расонанду интишор диҳанд. Мо борҳо ин амали нохубро дидаву шоҳид шудаем. Ва ин интишорот гоҳе сабаби моҷарову мурофиаҳои судӣ ҳам гардидаанд. Аммо дар аксари мавридҳо ин густохиҳо, тӯҳматҳо, худсариҳо ва қонуншиканиҳо аз ҷониби ноширон беҷавоб монда, боиси азхудравиву бемасъулиятии бештари баъзе муаллифони хусуматпеша мешавад. Ва ин ҳама далели чандон омода набудани мо ба озодии сухан ва матбуот аст.

Ҳол он ки дар ҳамон моддаи 30 – юми Конститутсия омадааст: “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати ичтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.

Дар риояву амалӣ шудани Конститутсия ана ҳамин дарки шахсии ҳар шаҳрванд ва масъулияти баланди ӯ нақши ҳалкунанда мебозад. То он мавриде, ки тамоми ҷомеаи мо масъулияти худро дар иҷрову риояи Конститутсия бо камоли масъулият ва фаҳмиш ақаллан барои манфиати шахсии худаш, дарк, риоя ва иҷро накунад, мо наметавонем ба ҳадафҳои олии худ бирасем, ҷомеаи солиму пешраванда бисозем, ҳам дар сарзамини худ ва ҳам дар хориҷи он сарбаланду пирӯз бошем.

Бояд ҳар шаҳрванди Тоҷикистон фаҳмад, ки донистани Конститутсия, пеш аз ҳама, донистани ҳуқуқ ва имконияти худ мебошад ва ин дониш имконият медиҳад, ки аз худ ва ҳуқуқҳоямон ҳамеша истифода барем ва аз онҳо дифоъ кунем. Иҷрои Конститутсия ва  амалӣ сохтани он ба мо зиндагии ободу озод ва хушбахтонаро  кафолат медиҳад.

Шеърҳо бахшида ба бузургдошти Конститутсияи Тоҷикистон

БО ҲАЗОРОНСОЛА ҚОНУНИ БАШАР

Миллати мо миллати бекина аст,
Адли мо, қонуни мо дерина аст,
Бо ҳазоронсола Қонуни башар
Хайру некӣ дар дилу дар сина аст.

Миллати мо миллати адл асту дод,
Меҳани мо меҳани доду ситод,
Пешвомон ҳомии сулҳу салоҳ,
Халқамон дилпарвару некӯниҳод.

Родмардиву футувват дар ҷаҳон
Сар бурун оварда аз ин остон,
Рост рафтан, рост гуфтан, ростӣ,
Зистан бе макру бе фанди касон.

Зиндагонӣ бе дурӯғу макру кин
Буд сарқонуни ин халқу замин,
Зиндагонӣ бо салому эҳтиром,
Бе фиребу макр, бе ғадри ғабин.

Сарҳади одобу инсофи ҷаҳон,
Раҳму шафқат дар миёни одамон,
Эҳтироми пиру шафқат бар ятим,
Хайрхоҳӣ аз замин то осмон!

Зинда бод адлу адолат, зинда бод!
Дӯстӣ, ишқу муҳаббат зинда бод!
Ин шиори мост аз аҳди қадим,
Зинда бод, ин гуна миллат зинда бод!

Тоҷикистон, меҳани шеъру суруд,
Меҳани дарҳои боз асту дуруд.
Меҳани сулҳу салоҳу дӯстӣ,
Мебарам бар халқи хушҷонаш суҷуд.

Миллати мо миллати адл асту дод,
Меҳани мо меҳани доду ситод,
Пешвомон ҳомии сулҳу салоҳ,
Халқамон дилпарвару некӯниҳод.

БО АДЛУ ҚОНУНИ БАШАР

Эй миллати некӯманиш, бо эътиборат зинда бош!
Хоки куҳан, бо пайки неки навбаҳорат зинда бош!

Сисола навбар нахли сабз аз решаҳои асрҳо,
Бо ин нӯмӯи сабзи нав бо ин барорат зинда бош!

Ту зистӣ бо адлу дод, бо хайру некӣ дар ниҳод,
Ин расму ойини вафо шуд пойдорат, зинда бош!

Дар асл қонуни башар ёфт аз ту бунёди самар,
Бо ҷавшани адлу шараф андар канорат зинда бош!

Эй кишвари амни ҷаҳон, гулдастаи дасти замон,
Бо ҷашну суру тантана дар раҳгузорат зинда бош!

Эй Меҳани нону намак, дар домани чархи фалак,
Бо ахтарони номдори файзборат зинда бош!

Мулки адаб, мулки салом, мулки қалам, мулки калом,
Бо ин абармардони неки рӯзгорат зинда бош!

Бо амну сулҳу дӯстӣ номат бувад вирди забон,
Бо ковиёнӣ парчами халқи баорат зинда бош!

Бо расму ойини накӯ, илму адаб, рушду нуму,
Дар ин ҷаҳони беамон бо нангу орат зинда бош!

Бо Пешвои миллати ваҳдатшиорат зинда бош!
Бо адлу қонуни башар дар рӯзгорат зинда бош!

СУРУДИ КУРУШИ КАБИР

Куруши Кабир, Куруши Кабир,
Шаҳи беназир, шаҳи муқтадир.

Нахуст адлро ба маснад нишонд,
Сипас кинаро зи дилҳо биронд,
Ҷаҳонро гирифт ба дасти хирад,
Ҷаҳонро гирифт ба нури замир,
Куруши Кабир,
Куруши Кабир.

Шуд эъломия ба баҳру ба бар
Ба халқи ҷаҳон ҳуқуқи башар.
Ки ҳукми Худо адолат бувад,
Саодат бувад, муҳаббат бувад.

Баробар бувад ба кас нури шед,
Зи Эзад расида баробар умед,
Ҳуқуқи баробар ба ҳар одам аст,
Баробар нишоту баробар ғам аст.

Ҷаҳонро ба хайру ба некӣ гирифт,
На бо зӯри зар, на бо зӯри тир.

Куруши Кабир,
Куруши Кабир,
Шаҳи муқтадир,
Шаҳи хушзамир.

Ҳама ирқу қавм баробар ба ҳам
Набошад яке зи ҳам бешу кам,

Ба халқи ҷаҳон бидод ин навид:
Бародар шавед, баробар шавед.

Наҷӯяд касе зи кас бартарӣ,
Ҳумоюн бувад чунин ҳамбарӣ.

Ки кас банда кас набошад дигар,
Бигиред аз сулҳу амонӣ самар.

Баробар ҳуқуқи ҳама марду зан
Барбар ҳуқуқи чи барно чи пир,

Чунин буд ҳукми Куруши Кабир,
Шаҳи адлпарвар, шаҳи хушзамир.

Ба бахти замона, ба бахти замин
Муборак бодамон Куруши навин
Ки фатҳи нав орад ба хоки каён,
Ба олам расонад фари ориён.

Амониву тинҷӣ, нишоту салоҳ,
Шуд амнияти мо ба мо сарпаноҳ.

Куруши навин аст Пешвои мо,
Ба адлу адолат бувад раҳнамо.

Ба мо фотиҳа деҳ шаҳи муқтадир,
Куруши Кабир.
Куруши Кабир.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 6, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ