«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид

Ноябрь 29, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 ноябр то 3 декабри соли 2024 дар ҷумҳурӣ амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» мегузарад. Давоми 5 рӯзи баргузории ин амалиёт дар мамлакат тибқи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1600 қоидавайронкунӣ сабт гардид. Дар ин хусус зимни суҳбат сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ҳасанзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ коста гардида, аз ҷониби аксар ронандагони воситаи нақлиёт талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя нашуда, ҳолатҳои бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ идора кардани нақлиёти шишаҳояшон сиёҳ, хира, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бе рақами қайди давлатӣ, бо рақамҳои бегона ва бе иҷозати машғул шудан ба фаъолияти мусофиркашонӣ зиёд ба чашм мерасанд»,- гуфт Саймумин Ҳасанзода.

Ба иттилои ӯ, дар ин муддат аз ҳама бештар қоидавайронкунӣ тибқи моддаи 510, яъне бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаро талаб менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018), ба қайд гирифта шудааст.

«Ин қоидавайронкуниҳо боиси содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт гардида, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонанд. Мақсад аз гузаронидани амалиёти «Муоинаи техникӣ»- ин пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, бартараф намудани камбудиҳои техникӣ ва дар ҳолати муқаррарии техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт мебошад. Амалиёт аз 23 ноябр то 3 декабр гузаронида мешавад», — гуфт Саймумин Ҳасанзода.

Тавре қаблан хабар додем, аз 1 то 10 ноябр дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо бо номи шартии «Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои нақлиётгард» амалиёти 10-рӯзаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ гузаронида шуд. Дар робита ба ин Саймумин Ҳасанзода изҳор дошт, ки яке аз омилҳои саршавии танбашавӣ тибқи талаботи банди 234-уми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаши ҷамъияӣ мебошанд. Онҳо барои савор кардан ва ё гирифтани мусофирон бояд танҳо дар ҷойҳои муқарраршуда истанд, аммо мутаассифона, аз тарафи ин ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан талаботи бозистӣ ва таваққуфи воситаи нақлиёт дағалона вайрон карда мешаванд. Ин ронандагон бо ин амалашон барои ҳаракати дигар ронандагон ва пиёдагардон монеа эҷод намуда, сабаби танбашавии роҳ мегарданд.

«Сол то сол ба ҷумҳурӣ воридшавии воситаҳои нақлиёт зиёд мешавад. Агар ин омил аз як тараф хуб шудани сатҳи зиндагии мардумро нишон диҳад, аз ҷониби дигар, воридшавии зиёди воситаҳои нақлиёт ба ҷумҳурӣ кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро водор менамояд, ки вазифаҳои худро дучанду сечанд иҷро намоянд. Дар баробари афзоиши воситаҳои нақлиёт, ки боиси танбашавӣ дар роҳҳо мегардад, инчунин омили дигар- ин идома ёфтани корҳои сохтмону навсозии биноҳо дар якчанд кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мебошад. Қариб дар 7-8 кӯчаи пойтахт таъмир ва навсозӣ идома дорад, ки ин, албатта, як сабаби танбашавӣ аст.  Воситаҳои нақлиёт маҷбур мешаванд, ки бо дигар кӯчаҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд ва бо ин танбашавӣ ба вуҷуд меояд»,-шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт — сабукрав, боркаш ва мусофирбар сабт шудааст. Дар ҳоле, ки даҳ сол пеш, соли 2014 ин рақам ба 389 ҳазор баробар буд. Аз ҷумла, дар айни замон дар Тоҷикистон 587 074 мошини сабукрав сабт шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.

Барои беҳдошти вазъият Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар асоси созишнома бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ пайваст ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Душанбе») ба маблағи беш аз 28 миллион евро эстакада – роҳи дусатҳа сохта мешавад. Ҳадафи татбиқи ин лоиҳа — баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ин минтақаҳо, паст намудани ҳолатҳои танбашавӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди пойтахт мебошад.

Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, дар мамлакат роҳу пулҳои нав, аз ҷумла эстакадаҳо (роҳҳои чандқабата) бунёд гашта, роҳу пулҳои мавҷуда навсозӣ ва васеъ карда мешаванд.

Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳоро зери муоинаи қатъӣ қарор додаанд. Бо ин мақсад дар роҳҳо дурбинҳо (камераҳо) насб карда шудаанд.

Ҳамчунин шуруъ аз 20 июни соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои автоматикунонидаи пулакӣ барои автомобилҳо (паркинг/parking) ба кор шуруъ намуданд, ки ҳадафи асосии онҳо ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва кам кардани танбашавӣ дар роҳҳо мебошад.

Бештари коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки ҳолатҳои танбашавӣ дар пойтахти мамлакат танҳо дар ҳолати  сохтмони метро аз байн хоҳанд рафт. Зеро шумораи зиёди воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, ки мусофиронро аз як нуқтаи шаҳр ба нуқтаи дигар мебаранд, дар ҳолати сохтмони метро ин миқдор мусофирон бо роҳи зеризаминӣ ба ҷойҳои зарурӣ хоҳанд рафт.

Бояд гуфт, ки таъмини сокинони пойтахт бо намудҳои муосири нақлиёти ҷамъиятии аз нигоҳи экологӣ тоза яке аз масъалаҳои муҳиме аст, ки зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Масъалаи баррасии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе борҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардида, аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳрдорию шаҳрсозӣ таъкид гардидааст. Ҳамчунин ин иқдом дар Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба таври мушаххас пешбинӣ шудааст.

Тавре дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иброз намуданд, зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ва меҳмонони он вобаста аст. Аҳолии  Тоҷикистон дар 30 соли охир зиёда аз ду маротиба ва шумораи сокинони шаҳри Душанбе зиёда аз 3 маротиба  афзоиш ёфтааст. Таъкид шуд, ки сохтмони метро дар Душанбе талаботи замон ва иқдоми пешгиранда аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва танбашавӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.

Тибқи хулосаи пешакӣ, бо назардошти танбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе зарурати сохтмони метрои зеризаминӣ дар пойтахт ба мақсад мувофиқ мебошад.

Саймумин Ҳасанзода дар айни замон роҳи ҳалли ин мушкилиро дар риояи ҳамаҷонибаи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ҳар иштирокчии ҳаракат дар роҳ медонад. «Бояд талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қатъиян риоя карда шаванд. Мутаассифона, ронандагоне ҳастанд, ки ин талаботро риоя накарда,  дар хати дуюм ва сеюм мусофир мегиранду мефароранд. Ин амали онҳо боиси танбашавӣ ва нороҳатии дигарон мегардад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мақомоти гумрук ва нақши он дар таъмини бехатарии иқтисодӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
Тарофаи «Диёр 55» тарофаи дӯстдоштаи муштариёни «Анор» шуд
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Коллеҷи тиббӣ ба фасли зимистон омода шудаанд
Дар Мурғоб ва Ванҷ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳайати Ҷумҳурии Арабии Миср дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон шинос гардид
Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд