Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ усулҳои нави кумакрасонӣ ба осебдидагонро омӯхтанд
ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишҳои панҷрӯзаи интерактивиро барои азхуд намудани усулҳои нави расонидани кумак ба осебдидагон дар қаторкӯҳҳои мамлакат ба анҷом расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Омӯзишҳо дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Ин тамринҳо аз ҷониби устодони ботаҷрибаи Агентии мудирияти ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) доир шуданд.
Ба иштирокчиёни тамринҳои панҷрӯза сертификатҳо супорида шуданд. Илова бар ин, аз ҷониби Туркия ба ҷузъу томҳои наҷоти ин кумита дастурҳои таълимӣ ва таҷҳизоти наҷот супорида шуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






