Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13-14 декабри соли равон Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии «Меъмор-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсади намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ байни меъморон, лоиҳакашон ва коллективҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир ва мустаҳкам кардани аҳамияти иҷтимоии итисосҳои меъморӣ ба шумор меравад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин: биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна; иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ; иншооти истеҳсолӣ; санъати тасвирӣ ва дизайн ва асари меъмории донишҷӯён доир карда мешавад.
Барои маълумоти бештар довталабон метавонанд ба рақамҳои 2230200 ва 901070790 муроҷиат намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






