Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ иштирок намуд

Ноябрь 14, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ баргузор шуд, ки дар он муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, Ҷамшед Шоимзода аз иқтидори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, вобаста ба аҳамияти гидроэнергетика дар шароити тағйирёбии иқлим ибрози андеша  намуд.

Гуфта шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи бузургтарин неругоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содирот ба мамлакатҳои ҳамсоя низ саҳм хоҳад гузошт.

Дар ҷаласа изҳори омодагии Тоҷикистон барои ҳамкории зич бо Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ баён гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад