Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ баргузор шуд, ки дар он муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, Ҷамшед Шоимзода аз иқтидори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, вобаста ба аҳамияти гидроэнергетика дар шароити тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуд.
Гуфта шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи бузургтарин неругоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содирот ба мамлакатҳои ҳамсоя низ саҳм хоҳад гузошт.
Дар ҷаласа изҳори омодагии Тоҷикистон барои ҳамкории зич бо Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ баён гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид






