Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мақсади форум фароҳам овардани шароити мусоиди ташкилӣ, иттилоотӣ-коммуникатсионии технологӣ ва молиявӣ барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои рақамикунонии равандҳои тиҷоратӣ ва ташаккули иқтидори зарурии технологияҳои саноатӣ, рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати инноватсионӣ ва инфрасохтори он дар минтақаҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон форум майдони муколамаи созанда ва мубодилаи афкору таҷрибаро бо мақомоти давлатӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, коршиносони байналмилалию миллии соҳавӣ ва шарикони рушди мамлакат оид ба тавсеаи имконияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дурнамои муосири онҳо фароҳам меорад.
Дар форум муаррифии консепсияи «Маркази ягонаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва прототипи каталоги онлайнии маҳсулоти истеҳсолшавандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар назар дошта шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






