Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Осорхонаи Қасри ас-Салом дар шаҳри Ал-Кувайт шинос гардиданд

Ноябрь 5, 2024 08:40

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари рась ба Давлати Кувайт аз Осорхонаи Қасри ас-Салом, ки  дар минтақаи Шувайхи шаҳри Ал-Кувайт воқеъ гардидааст, боздид намуданд.

Ба меҳмони олимақом дар хусуси таърихи бунёди ин иншооти фарҳангиву таърихӣ, ки сохтмонаш соли 1960 ҳамчун қароргоҳи амир дар замони ҳукмронии собиқ амири Кувайт, марҳум Шайх Абдулло Ас-Салом Ас-Сабоҳ шурӯъ гардида буд, иттилоъ дода шуд. Аммо, чанде пас дар соли 1961, пас аз эълон шудани соҳибистиқлолии кишвар, бинобар зарурати бунёди қароргоҳи пазироии меҳмони расмии сатҳи олӣ ва баланд, ба ангораи сохтмони қаср тағйирот ворид карда шуд.

Соли 2019 баъд аз ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ ва тармимӣ дар қаср осорхонаи таърихиву фарҳангӣ ҷойгир карда шуд, ки бозгӯйи марҳалаҳои замонии гуногуни таърихи 300- солаи   Кувайт буда, дар он маҷмӯи нодири осорҳои таърихӣ ва нигораҳои мероси фарҳанги миллӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.

Осорхона бо технологияҳои муосири намоиш муҷаҳҳазонида шудааст, ки имкони муаррифии таърихи Кувайтро ба таври навоварона медиҳанд.

Дар фарыоми боздид аз осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо таманниёти шукуфоии бештари кишвари дӯст ва таҳкими муносибатҳои неки ду давлат, дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд.
Боздид аз Осорхонаи Қасри ас-Салом дар шаҳри Ал-Кувайт 05.11.2024

Ноябрь 5, 2024 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд