«ПРЕЗИДЕНТИ МО — ҒАМХОРИ МО». Бори аввал байни кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе озмун доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» нахустин маротиба таҳти унвони «Президенти мо — ғамхори мо» байни кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе озмуни шаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун аз рӯи чор номинатсия: «Рақс», «Рассомӣ», «Шашка» ва «Шоҳмот» ташкил шуда, дар он 46 кӯдаки маъюб иштирок намуд.
Озмун бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ баргузор гардид.
Озмуни шаҳрии «Президенти мо-ғамхори мо» бори нахуст аст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Умед аст, ки солҳои минбаъда низ чунин озмунҳо бештару беҳтар ба роҳ монда мешаванд.
Бояд гуфт, ки давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус кӯдакони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, пайваста нисбат ба ин гурӯҳи ҷомеа ғамхорӣ менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки озмуни шаҳрии «Президенти мо — ғамхори мо» имрӯз дар муассиса дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мегарданд.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






