Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава мулоқот намуданд

Ноябрь 12, 2024 12:07

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.

Таъкид гардид, ки тайи 26 соли ҳамкорӣ Бонк 158 лоиҳаи барои кишвари мо муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст.

Ҷонибҳо таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани онро муҳокима намуданд.

Барои тобовар кардани иқтисодиёт ба хавфу таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби сармояи бештар ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.

Масоили густариши ҳамкорӣ барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва соҳаи гидроэнергетика аз мавзуъоти дигари суҳбат буданд.

Ҳамчунин, доир ба иштироки Бонк дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявии Тоҷикистон, мусоидат ба раванди рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисод ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” андешаронӣ сурат гирифт.

 

Ноябрь 12, 2024 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд