Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба анҷом мерасанд
ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оғоз гардида, то 14 ноябр идома ёфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
13 ноябр дар толори бошукуҳи Маҷмааи фарҳангии Шайх Ҷобир ал-Аҳмад Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт баргузор шуданд.
Дар барномаи фарҳангӣ ҳунармандони тоҷик оҳангу сурудҳои миллӣ, аз қабили шашмақом, фалак ва сурудҳои халқиро иҷро намуданд. Инчунин аз ҷониби Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода рақсҳои тоҷикӣ муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар барномаи консертӣ намоиши либосҳои миллӣ, ки маҳсули кори тарроҳони тоҷик мебошад, баргузор шуд.



Дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳо ва дастовардҳои мероси таърихӣ доир гардид.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири иттилоот, фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонони Давлати Кувайт Абдураҳмон ал-Мутайрӣ ва инчунин бо Дабири кулли Шурои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти Давлати Кувайт Муҳаммад ал-Ҷассор вохӯрӣ намуд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт (3-5 ноябри соли 2024) барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак ва алалхусус ҳамкории фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба анҷом мерасанд.



АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






