Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 11 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оғоз гардиданд, ки то 14 ноябр идома меёбанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт рӯзҳои 3 — 5 ноябр барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак ва алалхусус ҳамкории фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва дар ҳамкорӣ бо Шурои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти Кувайт баргузор мегарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 11 ноябр дар Маҷмааи фарҳангии Шайх Ҷобир ас-Сабоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳо ва дастовардҳои мероси таърихӣ доир гардид. Инчунин барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу мусиқӣ ва навоҳои миллӣ пешниҳод шуд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири иттилоот, фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонони Давлати Кувайт Абдураҳмон ал-Мутайрӣ ва инчунин бо Дабири кулли Шурои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти Давлати Кувайт Муҳаммад ал-Ҷассор вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши робитаҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, баргузории чорабиниҳои муштарак ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин 14 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт барномаи фарҳангӣ доир мегардад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд






