Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Суди конститутсионӣ хабар доданд, муовини Раиси Суди конститутсионӣ Карим Каримзода иброз дошт, ки Рӯзи Президент ва иҷлосияи таърихии Шурои Олӣ ҳамчун падидаҳои муҳими таърихӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз доранд.
Таҷлили ин чорабиниҳои муҳим мояи ифтихору ватандӯстӣ ва нишонаи ваҳдатпазирӣ, инчунин рамзи эҳтиром ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои содиқонаи Пешвои миллат мебошад.
Бо қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон шакли идоракунии президентии давлат дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар гардид.
Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон эътироф шудани ин сана ба он вобаста аст, ки аввалин бор дар Тоҷикистон ба тарзи овоздиҳии умумӣ ва мустақим муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итихоб гардида, 16 ноябри соли 1994 бори нахуст дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд намуданд.
Гузашта аз ин дар ҳамин рӯзи таърихӣ- 16 ноябри соли 1992 дар раванди Иҷлосияи таърихию сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлати навистиқлоли Тоҷикистон – Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Воқеият собит намуд, ки гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ ҳамчун намунаи возеҳи шакли идоракунии самаранок сабаби наҷоти давлат ва миллати тоҷик, инчунин омили инкишофи тамоми соҳаҳои зарурии ҳаётӣ гардид.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, барои гузаштан ба марҳилаи нави инкишофи ҷомеа ва давлати миллии мо заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Ин иҷлосия тавонист тамоми неруҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба ҳам оварад.
Имрӯз бо гузашти зиёда аз се даҳсола бо итминони комил метавонем гуфт, ки тамоми дастовардҳо ва пешрафтҳои беназире, ки давлат ва миллати тоҷик ба он мушарраф гардидааст, бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзӣ ва иқдоми пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Президенти Тоҷикистон-ҳомии Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд», «Иҷлосияи 16-ум ва нақши он дар таҳкими давлатдории навин» ва «Нақши Эмомалӣ Раҳмон ва мақоми ҳуқуқӣ – конститутсионии Президент дар рушди давлатдории миллӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






